Навиди Вазорат



Нишасти матбуотӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз, санаи 19 феврали соли 2021 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 ҷиҳати иҷрои Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2020 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Нишасти матбуотӣ бо иштироки васеи кормандони воситаҳои ахбори оммаи дохилу хориҷи кишвар (беш аз 25 нафар) таҳти раёсати роҳбарияти вазорат гузаронида шуд.

Дар оғози нишаст аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин вобаста ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти вазорат дар соли 2020 гузориши муфассал тариқи рӯнамо пешниҳод карда шуд. Ҳамзамон барои намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба мавзӯи мавриди назар пресс-релиз бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешкаш гардид.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ аз ҷониби роҳбарият ва сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии вазорат ба суолҳои хабарнигорони воситаҳои ахбори омма оид ба масъалаҳои гуногуни вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, аз ҷумла фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва корхонаҳои онҳо, таъсири хавфҳои эҳтимолии пандемияи коронавирус COVID 19 ба иқтисоди миллӣ, истеҳсоли маҳсулотҳои воридотивазкунанда, фаъолияти корхонаҳои муштарак ва бозорҳои наздисарҳадӣ, иқтисоди рақамӣ ва ғайра посух дода шуд.

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное