Гурӯҳи кории муштарак оид ба густариши мутақобилаи савдо ва афзоиши номгӯи молҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
15 марти соли 2021 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи Гурӯҳи кории муштарак оид ба густариши мутақобилаи гардиши савдо ва афзоиши номгӯи молҳои мавҷуда байни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардид.
Ҳайати ҷонибҳоро аз Тоҷикистон муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо – Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ, аз ҷониби Қазоқистон муовини Вазири савдо ва ҳамгироӣ – Торебаев Кайрат Калмукаметович сарварӣ карданд.
Дар ҷараёни мулоқот, ки дар фазои дӯстона баргузор гардид, ҷонибҳо як қатор масъалаҳои густариши савдои тарафайн, аз ҷумла васеъ намудани номгӯи молҳои мавҷударо баррасӣ намуданд.
Абдураҳмонзода А.С. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои стратегии кишварҳо ба сатҳи нав баромаданд.
Дар соли 2020 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон 909,8 млн долларо ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 47,8 млн доллар, яъне 5,0% коҳиш ёфт. Сабаби ин коҳишёбӣ пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ба шумор меравад. Сарфи назар аз ин, Ҷумҳурии Қазоқистон дар сохтори гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷои дуюм қарор дорад.
Ҷонибҳо инчунин масъалаи ташкили корхонаҳои муштарак ва марказҳои молтақсимкунии яклухтро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён гузоштанд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо оиди тақвият додани ҳамкориҳои минбаъда изҳори омодагӣ намуданд.