Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо ва Вазири саноат ва технологияҳои нав бо Вазири саноат ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Нисор Аҳмад Урёнӣ

.

30 марти соли 2021 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо Вазири саноат ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Нисор Аҳмад Урёнӣ дар фазои дӯстиву бародарӣ баргузор гардида, дар доираи он густариши ҳамкориҳои тиҷоратии дуҷониба ва бисёрҷониба байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар рафти вохӯрӣ, ки дар фазои кушод, дӯстона ва созанда гузашт, ҷонибҳо ба сатҳи муосири муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистон баҳои баланд дода, қайд намуданд, ки робитаҳо дар сатҳҳои гуногун ба таври назаррас шиддат ёфта истодаанд.

Дар доираи натиҷаҳои мулоқоти сатҳи олӣ байни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Ашраф Ғанӣ, ки рӯзи 29 марти соли равон баргузор гардид, ҷонибҳо ҷиҳати рушди гардиши савдои хориҷӣ, аз ҷумла афзоиш додани содироти семент ба Ҷумҳурии Афғонистон, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар Минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо ҷалби сармоягузорони Афғонистон ва дигар самтҳои таваҷҷӯҳи тарафайн ба мувофиқа расиданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ба ҳаматарафа густариш ва истифодаи самараноки ҳамкориҳои дуҷониба изҳор намуданд.

Аз натиҷаи мулоқот протоколи муштарак ба имзо расид.