Навиди Вазорат



Ҷамъомади тантанавӣ перомуни ба синни нафақа расидани кормандони соҳибтаҷрибаи вазорат – Бекматов Бозоралӣ Мирзоевич ва Зоҳиров Додарҷон Сафарович

.

Имруз, 1 апрели соли 2021 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки Вазир Завқизода Завқӣ Амин, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои зертобеи вазорат ҷамъомади тантанавӣ перомуни ба синни нафақа расидани кормандони соҳибтаҷрибаи вазорат – Бекматов Бозоралӣ Мирзоевич ва Зоҳиров Додарҷон Сафарович баргузор гардид.

Ҷамъомадро муҳтарам Вазир ҳусни оғоз бахшида, соҳибҷашнонро бо солрӯзашон аз номи худ ва аз номи якояки кормандони Вазорат таҳният намуданд. Ёдовар шуданд, ки фаъолияти бисёрсолаи (зиёда аз 30 сол) Бекматов Бозоралӣ Мирзоевич-(дорандаи медали «Хизмати шоиста») ва Зоҳиров Додарҷон Сафарович дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвари азизамон, аз ҷумла фаъолияти пурмаҳсулашон дар соҳаи савдо ва саноат қобили қадрдонӣ ва сутуданист.

Дар анҷоми чорабинӣ Завқизода З.А. ба Бекматов Бозоралӣ Мирзоевич ва Зоҳиров Додарҷон Сафарович тансиҳативу хотири ҷамъ, рӯзгори осуда ва умри пурбаракат таманно намуда, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравиро тақдим карданд.

Кормандони Вазорат низ дар пайравӣ аз муҳтарам Вазир соҳибҷашнонро бо табрикоту суханони неки худ ҳуҷаста ва ҳумоюн гуфтанд.