Навиди Вазорат



Тақдими тӯҳфаҳо ба 100 нафар ятими кул дар шаҳри Хуҷанд

.

10 апрел дар маркази вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи нек ба 100 нафар ятими кул тӯҳфаҳои идонаи наврӯзӣ тақдим намуданд.

Воқеан дар ин рӯз шодию нишоти ятимонро ҳадду канор набуд, зеро онҳо шахсан аз дасти Роҳбари ғамхору раъиятпарвари хеш маҷмӯи сару либоси баҳорӣ, аз қабили шиму костюм, куртаҳои бачагонаву духтарона, пойафзол, ҳамчунин ширинӣ, китобҳои гуногун ва кумаки молии яквақта дар ҳаҷми 1000 сомонӣ ва дигар тӯҳфаҳои арзишманд гирифтанд.

Дар ин чорабинӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наврасони ятимро, ки аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истиқлол, Панҷакент, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Спитамен, Зафаробод, Ашт ва Мастчоҳи вилояти Суғд ҷамъ омада буданд, ба ҷашни зебои эҳёи табиат - Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта, ба онҳо саломатӣ, хониши хубу аъло ва одоби ҳамида орзу карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас, бахусус ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд сол то сол зиёд гардида, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, кору фаъолият ва зиндагии мустақилонаи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Марҳила ба марҳила таҳким бахшидан ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои ятимону бепарасторон имкон дод, ки сифати нигоҳубин ва таълиму тарбия дар онҳо беҳтар гардида, кӯдакону наврасони бо амри тақдир бесаробонмонда таҳти ғамхории давлату Ҳукумати мамлакат қарор дода шавад ва дар оянда ҳамчун шахсони фаъолу комилҳуқуқи ҷомеа ба камол расанд.

Ятимони кул барои дастгириҳои доимии Ҳукумати мамлакат ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунанд ва оянда дар пешрафти ҷомеа саҳми худро мегузоранд. 

Бино ба иттилои оморӣ, имрӯзҳо дар вилояти Суғд 463 нафар ятими кул зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии сиёсии мамлакат қарор доранд ва барои онҳо шароити мусоиди зисту таълим муҳайё гардидааст.

http://president.tj/ru/node/25486