Вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо бо ҳайати соҳибкорони Санкт-Петербург
12 апрели соли 2021 вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо ҳайати соҳибкорони Санкт-Петербурги Федератсияи Россия бо роҳбарии Марк Руслан Анатолевич баргузор гардид.
Абдураҳмонзода А.С. қайд намуд, ки ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Путин Владимир Владимирович муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
Қайд гардид, ки Россия яке аз шарикони асосии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар соли 2020 гардиши савдо байни ду кишвар 973,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.
Дар рафти вохӯрӣ, ки дар фазои созанда ва дӯстона баргузор гардид, ҷонибҳо лоиҳаҳои афзалиятноки рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудиди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баимзорасонии ёддошти тафоҳумҳо байни минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ширкатҳои Санкт-Петербургро муҳокима намуданд.
Дар охири вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои судманд изҳор кардаанд.