Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва бо иштироки Муовини якум, муовинони Вазир, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони муассисаҳои зертобеъ ва кормандони Дастгоҳи марказӣ ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар семоҳаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо то охири соли ҷорӣ баргузор гардид.
Ҷаласаи Ҳайати мушовара бо суханони ифтитоҳии Вазири рушди иқтисод ва савдо оғоз гардида, вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар семохаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо то охири соли ҷорӣ аз ҷониби муовини Вазир Восидиён Фарҳод Саъдулло гузориши муфассал тариқи рӯнамо пешниҳод карда шуд.
Ҳамзамон аз ҷониби роҳбарони раёсатҳо ва муассисаҳои зертобеи вазорат дар бораи фаъолияташон ҳисобот манзур намуданд. Дар охири ҷаласаи Ҳайати мушовара вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.