Баргузории ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба муаррифӣ ва баррасии рӯнамои дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар соли 2022 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2023-2024 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо
23 апрели соли 2021 дар доираи талаботи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 2020, №74-ф ва нақшаи баргузории рӯнамоҳо, ки бо фармоиши Вазорати рушди иқтисод ва савдо аз 30 октябри соли 2020, №89 ба тасвиб расидааст, дар вазорат бо иштироки намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муаррифии рӯнамои дурнамои нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2022 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2023-2024 баргузор гардид.
Ҷаласаро муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид ҳусни оғоз бахшида, баён намуд, ки мақсад аз баргузории ҷаласа иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъсиси ҷойҳои кории нав, омода намудани кадрҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй, инчунин беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ мебошад.
Инчунин қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нави рушд қарор дорад, аз ин лиҳоз бояд ба ҷанбаҳои сифатии рушд яъне натанҳо ба афзоиши рақами нишондиҳандаҳо, балки ба таркиби сифатии он ҳангоми таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2022 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2023-2024 диққат махсус дода шавад.
Дар ин раванд аз ҷониби муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ – Раҳмонзода А. ва муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – Абдусамадзода З. рӯнамои дурнамои нишондиҳандаҳои соҳаҳои иҷтимоии ҷумҳурӣ, аз ҷумла меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, инчунин тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар соли 2022 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2023-2024 муаррифӣ карда шуд.
Баъд аз муаррифӣ нишондиҳандаҳои пешниҳодгардида мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз натиҷаи ҷаласа қарори дахлдор қабул гардид.