Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
23 апрели соли 2021 ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ба сифати марҳилаи дуюми татбиқи Стратегияи милии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 баррасӣ гардид. Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло сухани ифтитоҳӣ намуданд. Лоиҳаи барномаи қайдшуда аз ҷониби муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашӯрбой ба аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ба тариқи рӯнамо муаррифӣгардида, ҳадафу афзалиятҳо, тадбирҳо, натиҷаҳои пешбинишуда, нақшаи амалҳо ва хусусияти фарқкунандаи он аз барномаи қаблӣ муфассал баён карда шуд.
Дар ҷаласа раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Қудратов Р.Р., директори Институти иқтисод ва демографияи АМИТ Раҳимзода Ш., муовини раиси Кумита оид ба иқтисод ва молияи МНМО Назирӣ Г., котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятӣ Саидов Н.Ш. вобаста ба масъалаи гузошташуда суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласа доираи васеи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ҳизбҳои сиёсӣ, ассотсиатсияҳои гуногун, вакилони мардумӣ, олимону коршиносон иштирок намуда, доир ба барнома ва аҳамияти татбиқи он муҳокимаронӣ намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Дар интиҳо аъзои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» баҳои баланд дода, вобаста ба қабули он якдилона овоз доданд.