Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Вазири саноат ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Нисор Аҳмад Ғорёнӣ
3 июни соли 2021 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири саноат ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Нисор Аҳмад Ғорёнӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва якчанд роҳбарони корхонаҳои бузурги он кишвар дар фазои дӯстиву бародарӣ баргузор гардида, дар доираи он густариши ҳамкориҳои тиҷоратии дуҷониба ва бисёрҷониба байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар рафти вохӯрӣ, ки дар фазои кушод, дӯстона ва созанда гузашт, ҷонибҳо вобаста ба сатҳи муосири муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистон суханрони намуда, қайд карданд, ки робитаҳо дар сатҳҳои гуногун ба таври назаррас шиддат ёфта истодаанд.
Дар доираи натиҷаҳои мулоқоти сатҳи олӣ байни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Ашраф Ғанӣ, ки рӯзи 29 марти соли равон баргузор гардид, ҷонибҳо ҷиҳати рушди гардиши савдои хориҷӣ, аз ҷумла афзоиш додани содироти семент ба Ҷумҳурии Афғонистон, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар Минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо ҷалби сармоягузорони Афғонистон ва дигар самтҳои таваҷҷӯҳи тарафайн ба мувофиқа расиданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ба ҳаматарафа густариш ва истифодаи самараноки ҳамкориҳои дуҷониба изҳор намуданд.