Навиди Вазорат



Ситоди ҷумҳурявӣ оид ба зимистонгузаронӣ

.

 

Санаи 17 июни соли 2021 ҷаласаи Ситоди ҷумҳурявӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъоляти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» ва вазифагурории қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №101 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022» таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ баргузор гардид.

Бо мақсади омӯзиши ҳолати воқеии рафти иҷрои қарори мазкур тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори соҳавӣ таъсис дода шуда, Гурӯҳи кории мазкур дар давраи муайяншуда ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе сафари корӣ анҷом дода, бо рафти иҷрои қарори болозикр ва омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021, алалхусус дар муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, хоҷагии манзилию коммуналӣ, шабакаҳои барқиро мавриди омӯзиш қарор дода, гузоришҳои дахлдор ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намудааст.

Дар баробари ин як қатор камбудиҳо дар самти омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солхои 2020-2021 ошкор гардида буданд, таъкид гардид, ки дар давраи омодагӣ ба тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 бояд ислоҳ карда шаванд.

Қарори навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №101 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022» ба тасвиб расида, айни замон мавриди амал қарор дорад.

Таҳлили рафти иҷрои ин қарор нишон дод, ки ҷиҳати иҷрои зербандҳои 1.1 ва 1.2 Нақшаи чорабиниҳо қарори мазкур дар муҳлати муқарраргардида аз ҷониби вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ситодҳои фаврӣ тасис ва нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардиданд.

Айни замон марҳилаи нақшабандии захираи маводи хӯрокворӣ, ангишт, воридоти мазути камсулфур, гази табиӣ ва моеъ ва дигар маводи асосии сӯхт, омодагӣ барои таъмини барқу гармӣ ба муассисаҳо ва аҳолӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 оғоз гардидаанд.

Дар рафти ҷаласа аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ситод муҳтарам Усмонзода У.Ю. ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, Иттифоқи “Тоҷикматлубот” ва Агентии захираҳои моддии давлатӣ ҷиҳати захираи маводи асосии ғизоӣ, ба вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомоти дахлдор ҷиҳати омода намудани муассисаҳои иҷтимоӣ барои фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022, ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар мақомоти дахлдор ҷиҳати истеҳсол ва захира намудани меъёри зарурии маводи доруворӣ, ба Вазорати нақлиёт оид ба захираи маводи зарурии зиддилағжиш, ба Вазорати энергетика ва захираҳои об оид ба самаранок истифодаи нерӯи барқ ва кам намудани талафоти он, захира намудани ангишт ва ба дигар мақомоти дахлдор доир ба иҷрои нақшаҳои пешбинишуда супоришҳои қатъӣ дода шуданд.