Навиди Вазорат



Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 муаррифӣ гардид

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Рӯзи 2 июли соли 2021 бо роҳбарии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ мизи мудаввар дар робита ба муаррифии Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони вазорату идораҳо ва шарикони рушди кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабиниро Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода А. С. ифтитоҳ карда, ҳамзамон қайд намуданд, ки Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар доираи ҳадафу афзалиятҳои муайяннамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо назардошти таҳлил ва таҷрибаи андухта аз амалисозии Барномаи рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 ва Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 таҳия шудааст.

Татбиқи ин барнома ба тавсеаи гардиши савдои хориҷӣ, рушди содирот, тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда, хизматрасониҳо, диверсификатсияи содироти мол, содагардонии расмиёти савдо, рушди тиҷорати электронӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, инчунин бунёди фазои шарикӣ ва ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, таъсиси марказҳои муосири логистикӣ, рушди долонҳои байналмилалии коммуникатсионӣ, нақлиётӣ ва иқтисодӣ мусоидат менамояд.

Инчунин Абдураҳмонзода А. С. иброз дошт, ки барномаи мазкур барои панҷ сол то соли 2025 амалӣ мешавад ва он ду марҳилаи асосиро дар бар мегирад. Ду соли аввал, марҳилаи ташаккули низоми мукаммали дастгирии содирот бо назардошти таҷрибаи пешқадам ва таҷрибаи беҳтарини хориҷӣ, ки ба ҳавасмандгардонии фаъолияти содиротӣ ва ба диверсификатсияи содироти молҳо ва бозорҳо инчунин содагардонии расмиёти савдо равона карда шудааст (то охири соли 2022) ва се соли оянда, ба марҳилаи фаъолияти самарабахши низоми миллии дастгирии содирот ва механизмҳои нави молиявӣ ва чораҳои ғайримолиявӣ оид ба дастгирӣ ва пешбурди содироти ғайриашёвӣ, дар заминаи инфрасохтори зудрушдёбандаи нақлиётиву логистикӣ равона гардидааст.

Дар доираи мизи мудаввар намояндагони шарикони рушд, аз ҷумла Муовини намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кристофорос Политис баромад намуда, ҳадафу афзалиятҳои пешбинишуда дар ин ҳуҷҷати стратегиро муҳим арзёбӣ кард ва омодагии худро ҷиҳати иштирок дар татбиқи босамари он, яъне расонидани кӯмакҳои техникӣ иброз дошт.

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное