Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори минтақавии Бонки Исломии Рушд

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Директори минтақавии Бонки Исломии Рушд дар Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукрӣ дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.

Завқизода З. А. Иброҳим Шукриро бо таъин шуданашон ба вазифаи нави Директори минтақавии Бонки Исломии Рушд дар Осиёи Марказӣ табрик карда, дар кору фаолияти минбаъдаашон барору комёбӣ орзу намуд.

Қайд гардид, ки дар асоси дастру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Исломии Рушд дар самтҳои афзалиятноки иқтисодӣ, аз ҷумла энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, тандурустӣ ва маориф рушд ёфта, мабалғгузорӣ аз ҷониби бонки мазкур дар самтҳои қайдгардида 622,7 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Бо истифода аз фурсати муносиб Завқизода З.А. минатдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Бонки Исломии Рушд ҷиҳати дастгириҳои молиявӣ ва техникӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон изҳор намуда, қайд кард, ки рушди ҳамкорӣ бо Бонки Исломии Рушд барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хоса дорад.

Бо маблағгузории Бонки Исломии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 лоиҳа ба маблағи 248,5 миллион доллар татбиқ шуда истодаанд ва 16 лоиҳаи дигар ба маблағи 190 миллион доллар дар баррасии ҷонибҳо қарор доранд.

Завқизода З.А. қайд намуд, ки бо мақсади таъмини рушди устувории макроиқтисодӣ, коҳиш додани вобастагии иқтисоди миллӣ аз таъсири омилҳои беруна, инчунин баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулот ва диверсификатсияи истеҳсолот “Барномаи миёнамӯҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, “Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2021-2025” қабул гардида, “Барномаи миёнамӯҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025” ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Бо ин мақсад пешниҳод гардид, ки ҷиҳати густариши ҳамкориҳо бо Бонки Исломии Рушд ба мақсад мувофиқ аст, ки маблағгузориҳо ба самтҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва иқтисоди сабз, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот, саноати дорусозӣ, инчунин бозори молиявӣ, ташкили марказҳои логистикӣ ва дигар бахшҳои афзалиятноки иқтисодӣ боз ҳам зиёд карда шаванд. Ҳамзамон таҳия намудани моделҳои макроиқтисодӣ ҷиҳати таҳлили рушди иҷтимоию иктисодии кишвар мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.

Дар анҷоми вохӯрӣ Завқизода З.А. аз сатҳи баланди ҳамкорӣ бо Бонки Исломии Рушдро изҳори минатдорӣ намуда, омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун баён дошт.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное