Навиди Вазорат



Иштирок дар Конфронси байналмилалии “Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: Алоқамандии минтақавӣ. Мушкилот ва имкониятҳо”

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

16 июли соли 2021 дар шаҳри Тошканд Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: алоқамандии минтақавӣ. Мушкилот ва имкониятҳо” баргузор гардид.

Дар конфронс вазирон ва намояндагони кишварҳои Осиё, ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ширкат варзиданд. Аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини вазир - Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ иштирок намуд.

Абдурахмонзода А.С. дар конфронси мазкур дар мавзӯи "Соддагардонии расмиёти савдо барои рушди устувори иқтисодиёт дар Осиёи Марказӣ" баромад кард.

Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин Ҳукумати кишвар бо мақсади дастгирии бахши хусусӣ, таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ дар минтақа ва баланд бардоштани рақобатпазирии молҳо ба соддагардонии расмиёти савдо диққати махсус медиҳанд.

Яке аз дастовардҳои назаррас дар соҳаи шаффофияти сиёсати тиҷоратии кишвар Портали савдои Тоҷикистон мебошад. То имрӯз беш аз дусаду ҳафтод ҳазор (270,000) корбарони портал аз чил (40) кишвари ҷаҳон ба қайд гирифта шудаанд.

Инчунин қайд карда шуд, ки дар доираи ҳамкориҳои минтақавӣ, яке аз шарикони асосии тиҷорати Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд. Тоҷикистон афзоиши савдои хориҷиро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳим мешуморад. Дар 5 моҳи соли 2021 гардиши савдо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ 640,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод (содирот - 170,7 млн. доллар; воридот - 469,6 млн. доллар).

Дар охири баромади худ Абдураҳмонзода А.С. илова намуд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд барои таҳкими ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ корҳои муштаракро идома диҳанд.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное