Навиди Вазорат



Иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Хитой ва СҲШ

.

Рӯзи 24-уми августи соли ҷорӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Созмони ҳамкории Шанхай оиди тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия, ки дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, иштирок намуд.

Форумро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Халқии Хитой, ҷаноби Лю Хе ва Котиби генералии кумитаи ҳизби Чунсин Чен Мингер ифтитоҳ намуда, вобаста ба дастовардҳои кишварашон дар самти иқтисоди рақамӣ маълумот пешкаш карданд.

Завқизода З. А. дар кори Форум сӯханронӣ намуда, қайд карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар шароити кунунии ҷаҳонӣ тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро дар фазои СҲШ ниҳоят зарур меҳисобанд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар кишвар барои рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, тиҷорати электронӣ ва содагардонии расмиёти савдо як қатор корҳои назаррас амалӣ шудаанд. Аз ҷумла консепсия ва барномаи рушди иқтисоди рақамӣ қабул карда шуда, Портали савдои Тоҷикистон аз соли 2019 то инҷониб расман фаъолият менамояд, ки то имрӯз аз он зиёда аз 270 ҳазор нафар аз 40 кишвари ҷаҳон истифода намудаанд.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки ҳиссаи савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои СҲШ 61 фоизро ташкил дода, шарикони асосии тиҷоратӣ Федератсияи Россия, Хитой, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба ҳисоб мераванд.

Ҳамзамон қайд гардид, ки минтақаи СҲШ ба маркази ҷалби тиҷорати ҷаҳонӣ ва ҷараёни молиявӣ табдил ёфта, як бозори азими истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагони молу хидматҳо мебошад, ки барои васеъшавии савдои мутақобила имкониятҳои васеъ фароҳам меорад ва солҳои охир ин минтақа дар соҳаҳои рушди иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия ба пешрафти назаррас ноил гардидааст, аммо дар ин самтҳо ҳанӯз ҳам имкониятҳои зиёди истифоданашуда мавҷуд мебошанд.

Вобаста ба ин Завқизода З. А. таҳияи Нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани ҳиссаи иқтисоди рақамӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки паркҳои текникӣ ва технологияҳои рақамӣ бо кӯмаки иттиҳодияи байнибонкии СҲШ, аз ҷумла дар минтаҳаҳои озоди иқтисодӣ, омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи технологияи иттилоотӣ, рушди инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва содагардонии расмиёти савдоро дар фазои СҲШ тавсия доданд.

Илова бар ин иттилоъ дода шуд, ки тиҷорати электронӣ тақрибан 20 фоизи савдои ҷаҳониро ташкил дода, тибқи арзёбии коршиносони соҳа то соли 2025 то 25 фоиз афзоиш меёбад.

Дар охири форум Завқизода З.А. ба иштирокчиён комёбиҳо ва натиҷаҳои босамар таманно карда, изҳори боварӣ намуд, ки дар оянда як иттиҳоди мукаммали технологӣ ва истеҳсолӣ байни давлатҳои аъзо таъсис хоҳад ёфт.