Навиди Вазорат



Таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Вазорати рушди иктисод ва савдо

.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарият, намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, кормандони дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои зертобеъ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор карда шуд.

Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо фарорасии ҷашни фархунда - Истиқлоли давлатӣ самимона табрику таҳният намуд.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки ҳамаи дастовардҳои замони истиқлолият, ваҳдату якпорчагии миллат маҳз ба фаъолияти пурсамар ва азму иродаи қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртибот дошта, давлати мо дар самти рушди устувор ва таъмини зиндагии шоистаи халқи Тоҷикистони маҳбубамон ба комёбиҳои беназир ноил гардидааст.

Инчунин қайд гардид, ки дар вазъияти печидаву мураккаби имрӯзаи ҷаҳониву минтақавӣ ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлат, бахусус сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванд ва корманди вазорат мебошад ва бо ин мақсад кормандони вазорат бояд зиракии сиёсию амниятиро боз ҳам қавитар намоянд.

Дар анҷоми ҷамъомад бо Фармоиши Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба 39 нафар кормандони дастгоҳи марказии вазорат, Муассисаи давлатии "Маркази миллии патенту иттилоот"-и вазорат, минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва Шуъбаву бахшҳои иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар барои саҳми арзанда дар таъмини фаъолияти вазорат ба ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.