Навиди Вазорат



Иштироки Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ дар форуми кории Тоҷикистону Россия

.

15 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе Форуми кории Тоҷикистону Россия дар мавзуи «Дурнамои рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар шароити нав» баргузор гардид.

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ дар он иштирок намуда, қайд кард, ки ҳамкории стратегии Тоҷикистону Россия ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Роҳбарони ҳар ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Владимирович Путин босуръат рушд менамояд.

Илова бар ин Абдураҳмонзода А.С. дар суханронии худ қайд намуд, ки дар 7 моҳи соли ҷорӣ гардиши савдои мутақобилаи Тоҷикистону Россия 13 фоиз афзоиш ёфта, таҳкими ҳамкориро дар ташкили иқтидори истеҳсолӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷуиҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард.

Инчунин дар форуми мазкур имконияти сармоягузорӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодии ду кишвар муаррифӣ гардида, дар анҷоми он маросими баимзорасонии санадҳои ҳамкорӣ байни Палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Россия, инчунин Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва якчанд ширкату корхонаҳои Россия сурат гирифт.