Навиди Вазорат



Баргузории ҷаласаи нахустини Гуруҳи корӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

8 октябри соли 2021 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои Гурӯҳи кории байниидоравӣ бо нақши Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун платформаи таҳияи сиёсати умумии рушди устувор, вазифа ва функсияҳои Гурӯҳи корӣ, ки намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва созмонҳои ҷамъиятиро дар бар мегирад, шинос шуданд.

Иштирокчиёни нахустҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ масъалаҳои рушди соҳаи кишоварзӣ, дастоварду мушкилоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва дигар барномаҳои соҳавӣ бо назардошти Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) муҳокима намуданд. Қайд гардид, ки афзоиши ҳачми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, зиёдшавии шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва субъектҳои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳамчунин болоравии сатҳи дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти озуқаи хушсифати ватанӣ ба таври намоён ба назар мерасад. Илова бар ин, масъалаҳои идоракунии хоҷагиҳои фермерӣ, дастрасӣ ба технологияи муосир ва дигар мушкилоти бахши кишоварзӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Аз ҷумла, дар рафти ҷаласа низоми мониторинг ва арзёбии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 муаррифӣ гашта, фарқияти асосии он аз низоми мониторинг ва арзёбии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, ҳамчунин ҳамгироии ҲРУ дар таҳияи барномаҳои соҳавӣ муҳокима шуданд.

Бо мақсади такмил додани низоми мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ ҷиҳати татбиқи барномаҳои миллӣ, соҳавию маҳаллии рушд ва ҲРУ Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳҳои корӣ ташкил медиҳад, ки аз намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва шарикони рушд иборатанд. Дар мачмуъ 14 гурӯҳи кории байниидоравии Шӯрои миллии рушд мувофиқи самтҳои соҳавии рушди фарогири афзалиятҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва ҲРУ ташкил карда шудаанд.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное