Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (GIZ) оид ба «Содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид
Рӯзи 13 октябри соли 2021 ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи GIZ оид ба «Содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ» бо роҳбарии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ва бо иштироки роҳбари ин лоиҳа хонум Фелитситас Зик, инчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва бахши хусусии кишвар баргузор гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд, ки сиёсати давлат дар соҳаҳои савдо, аз ҷумла баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсолӣ бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулот бояд ба се самти асосӣ – ҳавасмандгардонии содирот, таъмин намудани гуногуншаклии истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва содагардонии расмиёти савдо равона гардад.
Бинобар ин яке аз омилҳое, ки бевосита барои татбиқи ин ҳадафҳо мусоидат менамояд, тақвияти ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ, табодули таҷрибаи пешқадам дар ин самт ва ҷоннок намудани робитаҳо дар чаҳорчӯбаи лоиҳаҳои минтақавӣ мебошад.
Абдураҳмонзода А. С. аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо GIZ изҳори миннатдорӣ намуда, қайд карданд, ки дар воқеъ баргузории ин ҷаласа ва дигар чорабиниҳои минтақавӣ дар доираи лоиҳаи GIZ оид ба «Содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ» бевосита ба пешбурди фаъолият дар самти содагардонии расмиёти савдо тавассути кам кардани вақт ва хароҷоти субъектҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ва дар натиҷа ба таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар минтақа мусоидат менамояд.
Дар ҷаласаи мазкур асосан масъалаҳо вобаста ба ҳамкориҳо дар доираи лоиҳаи GIZ оид ба «Содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ» дар соли 2021, аз ҷумла тадқиқоти вақти барасмиятдарории гумрукӣ ҳангоми содироту воридоти маҳсулот, таҳлили бизнес равандҳо ва нақшаи чорабиниҳо то охири соли 2021 мавриди баррасии иштирокчиён қарор гирифтанд.
Дар натиҷаи тадқиқоти барасмиятдарории гумрукии гузаронидашуда маълум гардид, ки вақт ҳангоми содирот аз 11 соату 01 дақиқа дар соли 2017 ба 5 соату 28 дақиқа дар соли 2020 ва воридот аз 22 соату 05 дақиқа дар соли 2017 ба 15 соату 22 дақиқа дар соли 2020 расонида шуд.
Инчунин дар кори ҷаласа муколамаи озод байни намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ сурат гирифт, ки масъалаҳои баррасишаванда бевосита ба татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва рушди босуботи иқтисодии кишвар мусоидат менамояд.
Дар анҷоми ҷаласа ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои самаранок дар доираи лоиҳаи қайдгардида ва татбиқи масъалаҳои баррасигардида изҳор намуданд.