Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон
17 ноябри соли 2021 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид Абдураҳмон Алрешайдон баргузор гардид.
Завқизода З. А. қайд намуд, ки рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалияти аввалиндараҷа дошта, бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ муҳтарам Салмон ибни Абдул-Азиз ибни Абдураҳмон оли Сауд муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
Дар вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои муҳими ҷойдоштаи низоми тиҷорат ва иқтисоди ҳар ду кишвар, аз ҷумла бомаротиб зиёд кардани гардиши савдо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самти иқтисоди сабз, таъсиси марказҳои логистикӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузориро муҳокима карданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ пеш аз ҳама барои истиқболи гарму самимона ва фароҳам овардани шароити мусоиди ҳамкорӣ изҳори миннатдорӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида баён намуданд.