Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Директори генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо Нгози Оконҷо Ивеала

.

Рӯзи 3 декабри соли равон Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода З. А. бо Директори генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) хонум Нгози Оконҷо Ивеала дар шаҳри Женеваи Швейтсария вохӯрӣ намуд.

Дар вохӯрӣ Завқизода З. А. хонум Нгози Оконҷо Ивеаларо барои ба вазифаи Директори генералии СУС таъин гардиданаш бори дигар табрик гуфта, қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи узвият ба СУС дар асоси дастуру супоришҳо ва роҳнамоиҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои рушди савдои хориҷӣ, тақвияти иқтидори содиротии кишвар, содагардонии расмиёти савдо ва дар маҷмӯъ рушди устувори иқтисодӣ ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷумла баъди узвият дар СУС шумораи шарикони тиҷоратӣ аз 90 то ба беш аз 110 кишвар, ҳаҷми содирот ду маротиба ва номгӯи молҳои содиротӣ 1,8 маротиба афзоиш ёфта, нахустин бор дар таҷрибаи кишвар Равзанаи ягона оид ба содагардонии амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ, инчунин Портали савдои Тоҷикистон ҷорӣ карда шуда, як қатор ислоҳоти муҳим дар соҳаи савдо амалӣ гардид.

Ҳамзамон вобаста ба дар сатҳи баланд гузаронидани ҷаласаҳои якумин Тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СУС, ки рӯзҳои 6-8 декабри соли ҷорӣ пешбинӣ шудаанд, таклифу пешниҳодҳои судманд баён гардид.

Директори генералии СУС дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти савдо, бахусус содагардонии расмиёти савдо ва фаъолият дар чаҳорчӯбаи ин созмони байналмилалӣ натиҷабахш арзёбӣ намуда, ҷониби Тоҷикистонро барои ин дастовардҳо табрик гуфтанд.

Завқизода З. А. Директори генералии СУС-ро барои иштирок дар чорабинии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои фосилавии “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028”, ки тобистони соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ба Тоҷикистон даъват намуд, ки он хуш пазируфта шуд.