Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Президенти Бонки Исломии Рушд

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

13 апрели соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Бонки Исломии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) Муҳаммад Сулайман Ал-Ҷассер дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.

 

Завқизода З. А. ба ҷониби Бонки Исломии Рушд нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишвар ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллиро, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2022, №116 қабул гардидааст, муаррифӣ намуда, қайд кард, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳо бо шарикони рушд, аз ҷумла бо БИР барои таъмини рушди иқтисоди миллӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БИР, ҳолати татбиқшавии лоиҳаҳои амаликунандаи БИР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби маблағҳои имтиёзнок вобаста ба таъсири омилҳои берунӣ, лоиҳаҳои нави афзалиятнок, зиёд кардани сармояи умумии БИР ва дурнамои ҳамкориҳои миёнамуҳлат мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар робита ба ин Завқизода З. А. аз Президенти Гурӯҳи БИР дархост намуд, ки маблағгузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ вобаста ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон бо сабаби ҷорӣ намудани таҳримҳои кишварҳои ғарб нисбати баъзе шарикони тиҷоратии кишвар, инчунин ноил гардидан ба ҳадафу афзалиятҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ, иқтисоди сабз, аз ҷумла сохтмони НБО «Роғун», кишоварзӣ, обёрӣ ва беҳдошти замин, саноат, нақлиёт, маориф ва тандурустӣ зиёд карда шавад.

Дар навбати худ Президенти Гурӯҳи БИР ҷаноби Муҳаммад Сулайман Ал-Ҷассер омодагии худро барои дастгириву маблағгузории соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд.

Қайд бояд кард, ки то имрӯз аз ҷониби БИР 86 лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 641 млн. доллар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шуда, айни замон 23 лоиҳа ба маблағи 284,6 млн. доллар амалӣ мегардад.

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное