Густариш додани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин
21 апрели соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Цзи Шумин баргузор гардид, ки дар доираи он густариши ҳамкориҳои тиҷоратии дуҷониба байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Завқизода З. А. қайд намуд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин муносибатҳои ду кишвар пайваста рушд ёфта, ба сатҳи олӣ баромадаанд.
Дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои сарони ҳар ду давлат ва таваҷҷуҳи хосаи онҳо ба тақвияти муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистону Чин дар соли 2021 то ба 839,3 млн. доллари ИМА ё 77,5 фоиз нисбат ба соли 2020 афзоиш ёфтааст.
Дар рафти вохӯрӣ, ки дар фазои кушод, дӯстона ва созанда баргузор гардид, ҷонибҳо вобаста ба масоили рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, бахусус таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ, иқтисоди сабз, кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми содирот, пеш аз ҳама содироти маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба Чин, рушди минбаъдаи робитаҳо дар бахши нақлиёт ва логистикаро баррасӣ намуданд.
Қайд бояд кард, ки бо мақсади таҳкими минбаъдаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд Барномаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин (то соли 2025) 5 феврали соли 2022 ба имзо расонида шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва татбиқи самтҳои афзалиятноки қайдгардида баён намуданд.