Мулоқоти намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо ҳайати соҳибкорони Санкт-Петербург
24 майи соли 2022, Сардори Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Шарифӣ бо ҳайати соҳибкорони Санкт-Петербурги Федератсияи Россия таҳти роҳбарии муовини Раиси Кумитаи робитаҳои хориҷии ҳукумати Санкт-Петербург ҷаноби Абубакаров Арби Абусаидович вохӯрӣ баргузор намуд.
Шарифи Д. қайд намуд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Владимирович Путин муносибатҳои ду кишвар дар сатҳи олӣ қарор дошта, Федератсияи Россия шарики асосии тиҷоратию иқтисодӣ ва стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Қайд гардид, ки дар 4 моҳи соли 2022 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия 476,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 49 фоиз афзоиш ёфтааст.
Зимни мулоқот, ки дар фазои созанда ва дӯстона гузашт, ҷонибҳо лоиҳаҳои афзалиятноки рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва паркҳои технологӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи бо истифода аз долонҳои сабз таъмин намудани меваю сабзавот, инчунин дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани марказҳои тақсимоти яклухтро муҳокима намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида баён намуданд.