Навиди Вазорат



Натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти вазорат дар нимсолаи якуми соли 2022

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

 

 

 

Вазорати рушди иқтисод ва савдои

ҶумҳурииТоҷикистон

ПРЕСС – РЕЛИЗ

Натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти 

вазорат дар нимсолаи якуми соли 2022

Таҳлили натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 нишон медиҳад, ки таъсири омилҳои берунӣ, бахусус буҳронҳои глобалии иқтисодию энергетикӣ ва озуқаворӣ ба баъзе соҳаҳои иқтисоди миллӣ эҳсос мегардад. Аз ҷумла рушди иқтисоди кишвар ҳарчанд, ки дар нимсолаи якуми соли 2022 дар сатҳи 7,4 фоиз таъмин гардида бошад ҳам, суръати он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 банди фоизӣ коҳиш ёфт.

 

Новобаста аз таъсири омилҳои беруна дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паём ба Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои Ҳукумати кишвар, сафарҳои корӣ ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ва меҳнати саноатчиёну кишоварзони кишвар таъсири аз ин бештари омилҳои берунӣ тавассути андешидани чораҳои зиддибуҳронӣ то андозае пешгирӣ гардида, дар маҷмӯъ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар кишвар таъмин гардид.

Дар ин давра рушди ММД асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 17,3 фоиз, кишоварзӣ 7,2 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 2,5 фоиз, боркашонӣ 18,7 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 12,8 фоиз, мусофиркашонӣ 11,1 фоиз, гардиши савдои дохилӣ 8,6 фоиз ва гардиши савдои хориҷӣ 14,6 фоиз таъмин гардид.

Сатҳи таваррум дар нимсолаи якуми соли 2022-юм 4,1 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 (3,9 фоиз) 0,2 банди фоизӣ зиёд буда, аз ҳисоби 7 фоиз болоравии нархҳои маҳсулоти озуқаворӣ ва 2,3 фоиз молҳои ғайриозуқа ташаккул ёфтааст.

Дар нимсолаи якуми соли 2022 дар соҳаи саноат ҷиҳати ноилшавӣ ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва таъмини талаботи бозор бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ ва содиротӣ, инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ 137 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ бо 1296 ҷойҳои корӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар нимсолаи якуми соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 19083 млн. сомонӣ баробар гардида, суръати рушди он 17,3 фоизро ташкил дод.

Суръати рушди соҳаи саноат аз ҳисоби 17,9 фоиз афзоиши ҳаҷми истеҳсол дар саноати коркард, 8,3 фоиз истихроҷ, 18 фоиз таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво ва 10,2 фоиз таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва коркарди дуюмдараҷа таъмин гардид.

Истеҳсоли нерӯи барқ дар нимсолаи якуми соли 2022 дар кишвар 10,4 млрд. кВт. соатро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 3,4 фоиз зиёд таъмин гардид.

Дар нимсолаи якуми соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 13043,8 млн. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 7,2 фоиз зиёд мебошад, аз ҷумла рушди растанипарварӣ 6 фоиз ва чорводорӣ 9,8 фоизро ташкил додааст.

Инчунин бо мақсади самараноку оқилона истифода намудани ҳар як ваҷаб замини кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ (ба ҳолати 1 июли соли 2022) дар майдони 70443 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 12,7 фоиз зиёд мебошад.

Дар нимсолаи якуми соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо 688,1 ҳазор тонна, аз ҷумла гандум 609,9 ҳазор тонна, картошка 262,6 ҳазор тонна, сабзавот 1031,3 ҳазор тонна, аз ҷумла пиёз 451,9 ҳазор тонна, полизӣ 283,8 ҳазор тонна ва мева 116,3 ҳазор тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ғалладона 5,9 фоиз, аз ҷумла гандум 6,6 фоиз, картошка 2,4 фоиз, сабзавот 3,5 фоиз, полизӣ 7,6 фоиз ва меваҷот 12,1 фоиз зиёд гардида, пиёз 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст.

Дар нимсолаи якуми соли 2022 истеҳсоли гӯшти паранда ба 20,3 ҳазор тонна ва тухм 576,1 млн. дона расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум истеҳсоли гӯшти паранда 11,5 фоиз ва тухм 24,7 фоиз зиёд мебошад.

Соҳаи моҳипарварӣ тадриҷан рушд ёфта, шумораи хоҷагиҳои соҳа дар ҷумҳурӣ ба 366 адад расонида шуд ва дар нимсолаи якуми соли 2022 1145,3 тонна моҳӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум шумораи хоҷагӣ 13 адад ва истеҳсоли моҳӣ 26,5 фоиз зиёд мебошад.

Маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 80 адад (45 лоиҳаи грантӣ, 4 лоиҳаи қарзӣ ва 31 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарз ва грант) иборат мебошад, ки маблағи умумии онҳо 42,01 млрд. сомонӣ (3,98 млрд. доллар)-ро ташкил медиҳад.

Дар таркиби маҷмӯи лоиҳаҳои амалкунанда маблағҳои грантӣ 28,5 млрд. сомонӣ (2,5 млд. доллар) ё 63 фоиз, маблағҳои қарзии имтиёзнок 15,5 млрд. сомонӣ (1,36 млрд. доллар) ё 34 фоиз, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,1 млрд. сомонӣ (94 млн. доллар) ё 2,5 фоиз ва дигар сарчашмаҳо, аз ҷумла саҳми корхонаҳои давлатии ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоаҳо (бенефитсиарҳо) ва ғайра 170 млн. сомонӣ (13,19 млн. доллар) ё 0,4 фоизро ташкил медиҳад.

Дар доираи лоиҳаҳои мазкур аз оғози татбиқ 15,2 млрд. сомонӣ (1,45 млрд. доллар) маблағҳо азхуд гардидааст.

Азхудкунии маблағҳо ба ҳолати 1 июли соли 2022-юм 2226,4 млн. сомониро (212 млн. доллар) ташкил медиҳад, ки дар маҷмӯъ ба 98 фоизи нақшаи молиявии давраи ҳисоботӣ баробар аст.

Дар нимсолаи якуми соли 2022 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3513,2 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,6 фоиз ё 430,8 млн. доллар афзоиш ёфтааст.

Содироти мол 1215,2 млн. долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 0,1 фоиз ва воридоти мол 2298 млн. долларро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 24,2 фоиз зиёд гардидааст.

Вазни хоси содиротии кишвар асосан аз ҳисоби фурӯши металлҳои қимматбаҳо (33,4 фоиз), маъдану консентратҳо (26,8 фоиз), нахи пахта ва маҳсулот аз он (13,2 фоиз), алюминийи аввалия ва маҳсулот аз он (7,9 фоиз), дигар металлҳои нимқиматбаҳо (4,6 фоиз), қувваи барқ (3,7 фоиз), маҳсулоти кишоварзӣ (2,2 фоиз), семент (1,7 фоиз), металлҳои сиёҳ (1,2 фоиз) ва дигар маҳсулот ташаккул ёфтааст.

Дар сохтори воридот ҳиссаи маҳсулоти хӯрока ҳамчун ашёи хоми нимтайёр барои коркарди дохилӣ (12 фоиз) ва барои истеъмол (7,8 фоиз), маҳсулоти нафтӣ 12,3 фоиз, таҷҳизоти технологӣ 8,3 фоиз, воситаҳои нақлиёти заминӣ 7,7 фоиз, металлҳои сиёҳ 6,9 фоиз, мошинҳои барқӣ ва таҷҳизот 4,5 фоиз, маҳсулоти полимерӣ ва чубу тахта ва маҳсулот аз он 3,9 фоизӣ, гази моеъ 3,6 фоиз, маҳсулоти фармасевтӣ 3,3 фоиз, маҳсулот аз металлҳои сиёҳ 2,6 фоиз, гилхок 1,6 фоиз, нуриҳои минералӣ 1,5 фоиз, маҳсулоти керамикӣ 1,1 фоиз ва ғайраҳо ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварҳои Россия (21,3 фоиз), Хитой (19,1 фоиз), Қазоқистон (18,3 фоиз), Швейтсария (8 фоиз), Ӯзбекистон (7,5 фоиз), Туркия (5,1 фоиз), Эрон (3,3 фоиз), Фаронса ва Белгия (1,7 фоизӣ), Афғонистон (1,5 фоиз), Япония ва Ҳиндустон (1,4 фоизӣ), ИМА (1,3 фоиз), Олмон (1,2 фоиз), Италия, Туркманистон ва Беларусия (0,7 фоизӣ) ва дигар кишварҳо ба ҳисоб мераванд.

Фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар нимсолаи якуми соли 2022

Фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар нимсолаи якуми соли 2022 ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қайд гардидаанд, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2022, №2 «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022» ва дигар қарору супоришҳои Ҳукумати кишвар вобаста ба рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар нигаронида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ вазорат дар самтҳои таҳлил ва дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисод, танзими савдои хориҷӣ ва дохилӣ, мониторинги барномаҳо ва тақвияти минтақаҳо, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ҳифзи моликияти зеҳнӣ тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намуд.

Аз ҷумла бо мақсади пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ситоди байниидоравӣ оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо таъсис дода шуд.

Инчунин аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар доираи фаъолияти ин Ситоди байниидоравӣ лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ» бо пешбинӣ намудани як қатор тадбирҳои зарурӣ таҳия гардид, ки бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ фавран бо тариқи пурсиш аз 18 марти соли 2022, №116 қабул карда шуд.

Дар Нақшаи чорабиниҳои номбурда диққати махсус ба таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равған, гӯшт, шакар, тухм, сабзавот, бахусус зиёд намудани истеҳсолу захираи онҳо, пешгирии болоравии беасоси нархҳо, дастгирии қишри осебпазири ҷомеа, таъмини иҷрои саривақтии уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, пешбинӣ намудани қарзҳо бо фоизи паст ба соҳибкорони истеҳсолӣ, мавқуф гузоштани санҷишҳои ғайриандозӣ ва ҷалби кумакҳои молиявӣ аз ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ дода шудааст.

Дар ин давра 6 ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ бо иштироки роҳбарияти вазорату идораҳо, истеҳсолкунандагони ватанӣ, ассосиатсияҳои истеҳсолкунандагон ва воридкунандагон ва коркардкунандагони ғалла ва маҳсулоти ғалладонагӣ, маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ, воридкунандагони маҳсулоти ниёзи аввал, бахши хусусӣ ва шарикони рушд баргузор гардид, ки дар ҷаласаҳои баргузоргардида масъалаҳои пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ вобаста ба таъсири таҳримҳои кишварҳои ғарб нисбат ба шарикони тиҷоратӣ, дарёфти роҳу усулҳои алтернативии пардохтҳои байнибонкӣ ва кушодани суратҳисобҳои муросилотии ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар дар бонкҳои хориҷӣ, таъминоти молистеҳсолкунандагони ватанӣ бо асъори хориҷӣ, ҷалби маблағҳои грантӣ барои дастгирии буҷети давлатӣ ва соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар, таҷдиди назар намудани қарордодҳои корхонаву муассисаҳо ва воридкунандагони молу маҳсулот вобаста ба иваз кардани асъори пардохти онҳо, дарёфти хатсайрҳои боркашонии алтернативӣ барои воридоти ашёи хом ва таҷҳизот аз дигар кишварҳо баррасӣ шуда, аз натиҷаи он ба Ҳукумати ҷумҳурӣ гузориши таҳлилӣ пешниҳод гардид.

Инчунин аз ҷониби вазорат бо истифода аз моделҳои эконометрикӣ сенарияҳои гуногуни таъсири омилҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди кишвар баҳодиҳӣ карда шуданд.

Барои тақвият додани низоми дурнамосозӣ ва моделсозии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ корҳои зарурӣ ба анҷом расонида шуданд.

Бо дар назар доштани шароити имрӯза ва ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025» таҳия гардид, ки айни замон дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

 Инчунин дар заминаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, №331 «Дар бораи Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» санаи 11 январи соли 2022 ҷаласаи шашуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ гузаронида шуда, қарори дахлдор қабул ва барои дастури минбаъда ба вазорату идораҳои дахлдор ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби вазорат лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022» таҳия ва бо қарори Ҳукумати кишвар аз 24 январи соли 2022, №2 тасдиқ гардид.

Инчунин лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» таҳия ва ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардид, ки он аз 31 марти соли 2022, №133 тасдиқ гардид.

Аз ҷониби вазорат лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» таҳия гардида, 25 майи соли равон дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфт.

Дар баробари ин вазорат лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намуд, ки дар баррасии Ҳукумати кишвар қарор дорад.

Вазорат лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва Нақшаи чорабиниҳои он барои солҳои 2023-2028-ро таҳия намуд, ки дар баррасии вазорату идораҳо қарор дорад.

Бо мақсади мониторинг ва арзёбии амалишавии ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиши вазорат аз 24 феврали соли 2022, №12 «Дар бораи таъсис додани Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба гузаронидани таҳлил ва баҳодиҳии ҷараёни иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ дар соли 2022» Нақшаи кори Гурӯҳи кории байниидоравии мазкур ба тасвиб расонида шуда, мутобиқи он дар давоми соли 2022 муҳокимаи ҷараёни иҷрои 27 барномаи соҳавӣ ва минтақавӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар нимсолаи якуми соли 2022 бо иштироки Гурӯҳи кории байниидоравӣ муҳокимаи 12 барнома баргузор карда шуд.

Аз ҷумла дар ин давра татбиқи «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025», «Барномаи рушди саноати мошинсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025», «Барномаи махсуси дастгирии давлатии ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик-Эйр» ва ғайраҳо дар доираи Гурӯҳи кории байниидоравӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба раванди амалишавии онҳо маълумоти муфассал пешниҳод гардиданд.

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо намояндагони институтҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд ҷиҳати ҷалби маблағҳои грантӣ ва қарзҳои имтиёзнок гуфтушунид намуд, ки дар давраи миёнамуҳлат ба рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ равона карда мешаванд.

Дар доираи корбарии Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба ҳайси ҳамраиси қисми тоҷикистонии Комиссияи байниҳукуматӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷа ва ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ дар маҷмӯъ 550 млн. доллар маблағҳои грантӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷалб карда мешаванд, ки аз он 70,5 млн. доллар ҷудо гардиданд.

Вобаста ба ин тибқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2017-2019 ва дар асоси «Шартнома дар бораи додани грант ва татбиқи лоиҳаи «Сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Себзор дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» байни Бонки Олмонии рушд, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва ҶСК «Помир Энерҷӣ» ба маблағи 17 млн. евро» аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо ҶСК «Помир Энерҷӣ» 5 январи соли 2022 Созишнома оид ба интиқоли маблағи грантии 17 млн. евро барои татбиқи лоиҳаи Сохтмони НБО-и «Себзор» ба имзо расонида шуд.

Дар баробари ин 25 майи соли 2022 дар шаҳри Душанбе вазорат «Шартномаи иловагӣ оид ба пешниҳоди грант ва татбиқи лоиҳа байни Бонки Олмонии Рушд (KFW) ва ҶСК «Помир Энерҷӣ» ба маблағи 17,4 млн. евро барои сохтмони НБО «Себзор» дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба имзо расонид.

Вазорат дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2016-2017 рӯзи 21 январи соли 2022 бо Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Бонки «Арванд», Ташкилоти амонатии қарзии хурди «ФИНКА», Ташкилоти қарзии хурди «ОКСУС», Ташкилоти амонатии қарзии хурди «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ», Ташкилоти амонатии қарзии хурд «ҲУМО» дар алоҳидагӣ шартномаҳоро ба имзо расонид, ки тибқи он ба ташкилотҳои қайдгардида ҳамчун қарз 8,6 млн. евро барои қарздиҳии минбаъда ба соҳибкорону кишоварзони ватанӣ бо фоизи паст пешниҳод гардид.

Ҳамзамон рӯзи 25 майи соли 2022 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби вазорат Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия оид ба ҳамкории молиявӣ (2020) ба имзо расонида шуд, ки дар доираи он маблағи грантии 12,5 млн. евро барои лоиҳаи нави «Барномаи мубориза бо бемории сил дар Тоҷикистон марҳилаи VI», 11 млн. евро барои сохтмони беморхонаи нави зидди бемории сил дар шаҳри Кӯлоб ва 1,5 млн. евро барои ба охир расонидани сохтмон ва таҷҳизонидани беморхонаи бачагонаи касалии сил дар Мачитони шаҳри Ваҳдат ҷудо мегарданд.

Инчунин ҳангоми иштироки ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо дар ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд, ки рӯзҳои 1-5 июни соли 2022 дар Ҷумҳурии Арабии Миср баргузор гардид, бо Президенти бонки мазкур Доктор Муҳаммад Ал Ҷассер вохӯриҳо анҷом дода шуданд.

Илова бар ин дар ҷараёни вохӯриҳо барои зиёд кардани маблағгузориҳо дар ҳаҷми умумии беш аз 200 миллион доллари ИМА барои пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, инчунин ноил гардидан ба ҳадафу афзалиятҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ, рушди иқтисоди сабз, бахусус НБО «Роғун», иқтисоди рақамӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ, саноатикунонӣ, инфрасохтори нақлиётӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва тақвияти иқтидори содиротӣ дархост пешниҳод гардид, ки ҷониби Бонки Исломии Рушд омодагии худро барои зиёд намудани маблағгузории лоиҳаҳо дар самтҳои қайдгардида ва тақвияти ҳамкориҳои минбаъда баён намуд.

Ба ғайр аз ин дар ҷараёни иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Бонки АвруОсиёи Рушд (БАОР) рӯзи 24 июни соли 2022 дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо Раиси бонки мазкур вохӯрӣ анҷом дода шуда, дархост ҷиҳати зиёд кардани маблағгузориҳо ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон барои ноил гардидан ба ҳадафу афзалиятҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардид, ки роҳбарияти БАОР омодагии худро барои афзоиш додани сандуқи сармоягузории бонк дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 5 фоизи ҳаҷми умумии сандуқи сармоягузории Бонк иброз намуд.

Айни ҳол вазни хоси сандуқи БАОР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 1,15 фоизи ҳаҷми умумии сандуқи сармоягузории Бонк баробар буда, дар ҳолати афзоиш додани он то 5 фоиз маблағгузории Бонк дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тахминан ба андозаи 173,3 млн. доллар зиёд мешавад.

Дар баробари ин тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳо ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо, Озарбойҷон ва Ӯзбекистон баргузор карда шуданд.

Дар ин давра Портали савдои Тоҷикистон такмил дода шуда, фаъолият дорад, ки ба ҳолати 1 июли соли 2022 аз он 320607 нафар аз 100 кишвари дунё истифода намуданд.

Ҳамзамон вобаста ба шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Низоми умумии бархурдории тиҷорати Иттиҳоди Аврупо (GSP+) тавсияҳо ва саволҳои аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо пешниҳодгардида баррасӣ карда шуда, ҷавобҳои мушаххас ба он ҷониб ирсол гардид.

Дар робита ба тезонидани ин масъала дар моҳи июли соли 2022 мулоқоти Гурӯҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шомилшавӣ ба Низоми GSP+ ва ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар назар дошта шудааст.

Рӯзҳои 12-17 июни соли 2022 дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария Конфронси 12-уми вазирони СУС баргузор гардид, ки ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо дар он иштирок намуд.

Дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ 86 ширкатҳои ватанию хориҷӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шудаанд, ки дар онҳо 1368 нафар кор мекунанд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ ба маблағи 207,8 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст.

Ҳаҷми сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ин давра ба 84,5 млн. сомонӣ баробар гардид.

Аз ҷониби субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар нимсолаи якуми соли 2022-юм 19,9 млн. сомонӣ ба буҷет пардохтҳои андозию гумрукӣ ворид гардид.

Дар нимсолаи якуми соли 2022 ба вазорат 7830 адад мактуб, аз ҷумла 2522 адад аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4164 адад аз вазорату идораҳо (378 адад лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ), 123 адад аз муассисаҳои зертобеъ, 256 адад аз кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, 85 адад ҳуҷҷати махфӣ, 27 адад аризаву муроҷиати шаҳрвандон ва 275 адад тариқи факс аз мақомоти давлатӣ ворид гардиданд.

Бо назардошти талаботи мактубҳои воридшуда аз ҷониби вазорат 2450 адад мактуби ҷавобӣ (аз ҷумла 75 адад ҳуҷҷати махфӣ) ва таклифу пешниҳодҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо ирсол карда шуд.

Дар нимсолаи якуми соли 2022 вазорат 27 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод намуд, ки аз онҳо 6 лоиҳа қабул гардида, 7 лоиҳа дар баррасии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 14 лоиҳа дар баррасии вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд.

Ҷиҳати таъмини иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 фармоиши вазорат оид ба фаъолияти асосӣ, аз ҷумла 5 фармоиши назоратӣ таҳия гардид, ки рафти иҷрои онҳо таҳти назорати доимии роҳбарият қарор дорад.

Бо мақсади муаррифии дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар ва дастрас гардидани ҳуҷҷатҳои стратегӣ ба ҷомеа дар сомонаи вазорат навсозии маълумот мунтазам амалӣ гардида, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба он 52 хабар, бахусус вобаста ба вохӯриҳо ва сафарҳои дохилию хориҷии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин 89 мулоқоти роҳбарияти вазорат бо намояндагони созмонҳои байналмилалии иқтисодию молиявӣ, сафирони кишварҳои хориҷӣ ва дигар чорабиниҳои вазорат ҷойгир карда шудааст.

 Дар ин давра ба зиёда аз 33 муроҷиати намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ вобаста ба гирифтани маълумот доир ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз ҷониби мутасаддиён дар муҳлатҳои муайяншуда ҷавоб гардонида шудааст.

Вазорат ҷиҳати иҷрои дастури супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва вазифаҳои низомномавии худ минбаъд низ тадбирҳои зарурӣ андешида, натиҷаашро тибқи тартиби муқарраргардида дар сомонаи вазорат ва расонаҳои чопию интернетӣ бо нашр мерасонад.

Рақам барои тамос:221-62-08;

www.medt.tj; Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. .

Барои қайд:

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное