Боздиди Вазири рушди иқтисод ва савдо аз ноҳияи Роштқалъа
Дар идомаи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби бештари сармояи дохилию хориҷӣ аз ноҳияи Роштқалъа, як қисми ноҳияи Шуғнон ва аз рафти корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи барқии обии «Себзор» дидан намуданд.
Қайд бояд кард, ки бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корбарии Вазорати рушди иқтисод ва савдо маблағҳои грантӣ барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» ва инфрасохтори он аз ҷумла зеристгоҳи барқӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва 2 хати интиқоли нерӯи барқи 110 Квт-та аз шарикони рушд маблағҳои грантӣ дар ҳаҷми 70 млн. доллар ҷалб карда шуданд.
Айни замон корҳои сохтмонӣ дар сарбанд, 3 агрегати пешбинишуда ва зеристгоҳи барқӣ бомаром идома доранд.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 19 то 22 августи соли 2020 баён доштанд, лоиҳаи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Роштқалъа барои солҳои 2022-2025 аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар мувофиқа бо вазорату идораҳо таҳия гардида, айни замон дар баррасии Ҳукумати кишвар қарор дорад.
Дар татбиқи барномаи мазкур 96 чорабиниҳо ба маблағи 223,3 млн. сомонӣ аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ 52 млн. сомонӣ (22,7 фоиз), бахши хусусӣ 27,7 млн. сомонӣ (12,5 фоиз), буҷети вилоят 1 млн сомонӣ (0,5 фоиз) ва аз ҳисоби сармояи хориҷӣ 142,2 млн. сомонӣ (64,2 фоиз) пешбинӣ шудааст.
Барномаи мазкур самтҳои афзалиятнок ва рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияро барои давраи дарозмуҳлат муайян намуда, барои ноил шудан ба рушди устувори иқтисодӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои муосири иҷтимоӣ, инфросохтори замонавӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва ба ин васила ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуми ноҳия заминаи мусоид мегузорад.