Навиди Вазорат



Боздиди Вазири рушди иқтисод ва савдо аз ноҳияи Дарвоз

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

 

Дар идомаи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин аз ноҳияи Дарвоз дидан намуданд.

Зимни боздид аз ноҳия дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз вохӯрии Завқизода З. А. бо Раиси ноҳияи Дарвоз Абдураҳмонзода Саидбурҳон Саидраҳмон баргузор гардид.

Дар мулоқот масъалаи тақвият додани ҳамкориҳо барои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қайд гардид, ки вазорат омодааст барои таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия мусоидат намояд.

Бо мақсади рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Дарвоз барои солҳои 2020-2025 мавриди амал қарор дорад.

Дар татбиқи барномаи мазкур 106 чорабиниҳо ба маблағи 405,3 млн. сомонӣ аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ 26,8 млн. сомонӣ ё ин, ки (6,6 фоиз), буҷети маҳаллӣ 860 ҳазор сомонӣ (0,2 фоиз), бахши хусусӣ 4,9 млн. сомонӣ (1,2 фоиз), буҷети вилоятӣ 4,7 млн сомонӣ (1,1 фоиз) ва аз ҳисоби сармояи хориҷӣ 364,8 млн. сомонӣ (90,0 фоиз) пешбинӣ шудааст.

Татбиқи бомарому самараноки барномаи мазкур самтҳои афзалиятнок ва рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияро барои давраи дарозмуҳлат муайян намуда, барои ноил шудан ба рушди устувори иқтисодӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои муосири иҷтимоӣ, инфросохтори замонавӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва ба ин васила ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуми ноҳия заминаи мусоид мегузорад.

 

 

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное