Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо ҳайати намояндагони Бонки Олмонии Рушд

.

 

 

10 августи соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо намояндагони Бонки Олмонии Рушд таҳти роҳбарии Директори минтақавии Бонки Олмонии Рушд дар Осиёи Марказӣ Андреас Шнайдер баргузор гардид.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.

Қайд гардид, ки яке аз натиҷаҳои назарраси ҳамкориҳо бо бонки мазкур ин ба имзо расонидани Шартномаи иловагӣ оид ба пешниҳоди грант ва татбиқи лоиҳаи сохтмони НБО «Себзор» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 17,4 млн. евро мебошад. Хотирнишон бояд кард, ки дар маҷмӯъ барои лоиҳаи сохтмони НБО «Себзор» 70 млн. евро аз ҷониби шарикони рушд ҷудо гардидааст.

Ҳамзамон дар идомаи вохӯрӣ вобаста ба НБО «Тоҷикистон», ки бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2018 дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ ёфта буд, мубодилаи афкор намуданд. Аз ҷониби Бонки Олмонии Рушд барои азнавсозии НБО «Тоҷикистон» 7,4 млн. евро ҷудо гардид.

Инчунин бо мақсади беҳдошт ва паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар мавзеи НБО «Тоҷикистон»-и ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 5 октябри соли 2021 Созишномаи дуюми маблағгузории иловагӣ бо маблағи 816 ҳазор евро грант ба имзо расонида шуд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба масъалаи ҷалби грантҳо барои рушди минтақаҳо, инфрасохтор ва коҳиши таъсири манфии тағйирёбии иқлим дар кишвар ба мувофиқа расиданд.

Илова бар ин ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳо дар самти татбиқи иқтисоди рақамӣ ва иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳор намуданд.