Навиди Вазорат



Боздиди Вазири рушди иқтисод ва савдо аз Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара”

.

 

 

Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди минтақаи озоди иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҳалли саривақтии масъалаҳои мавҷудаи минтақаи озоди иқтисодии “Данғара”, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби бештари сармояи дохилию хориҷӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин аз минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” дидан намуданд.

Зимни боздид аз минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо муҳтарам Завқизода З. А. ба масъулин ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо бо вазорату идораҳои дахлдор оид ба ҷалби бештари сармояи дохилию хориҷӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, рушди инфрасохтори минтақа ва ба ин васила зиёд намудани таъсиси ҷойҳои нави корӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2022 дар минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” дар ҳаҷми 61 млн. сомонӣ сармоягузорӣ карда шуда, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,3 маротиба зиёд мебошад.

Ҳамзамон аз оғози фаъолият дар минтақа 431 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда, 59-тои он дар 6 моҳи соли 2022 таъсис дода шудааст. Маҳсулоти металоконструксияи корхонаи минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” дар иншоотҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла дар манораи 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ, бинои баландошёнаи Хадамоти алоқа ва сохтмони купрукҳо истифода шудаанд.