Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо роҳбар ва аъзои Фонди “Зиндагӣ ва рузғордорӣ”-и Бонки Исломии Рушд ва Директори минтақавии Бонки Исломии Рушд дар Осиёи Марказӣ
5 сентябри соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо роҳбари Фонди “Зиндагӣ ва рузғордорӣ”-и Бонки Исломии Рушд Валид Аддас, 19 аъзову мутасаддиёни Фонд ва Директори минтақавии Бонки Исломии Рушд дар Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукрӣ баргузор гардид.
Завқизода З. А. ба ҳайати Бонки Исломии Рушд ва Фонди “Зиндагӣ ва рузғордорӣ”-и Бонки Исломии Рушд барои дастгирӣ дар самти рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар минатдорӣ баён карда, қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати пешгирифтаи худ ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ афзалияти аввалиндараҷа зоҳир менамоянд.
Қайд гардид, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи беш аз 7 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 4,6 маротиба зиёд шуд. Сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 26,3 фоиз дар соли 2020 коҳиш дода шуд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 2723 муассисаи тандурустӣ сохта, ба истифода супорида шудааст ва шумораи онҳо то имрӯз ба 5116 муассисаи тиббӣ расонида шуд. Соли 2020 дарозумрии аҳолӣ ба 75,1 сол баробар шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991-ум 5 сол зиёд мебошад. Нишондиҳандаҳои фавти умумӣ дар ин давра 40 фоиз, фавти модарон ҳангоми таваллуд 73 фоиз ва фавти кӯдакони то 5-сола 85 фоиз паст гардид.
Қайд бояд кард, ки Фонди “Зиндагӣ ва рузғордорӣ” соли 2016 таъсис дода шуда, айни замон ба 33 кишвари аъзои Бонки Исломии Рушд хизмат расонида, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар 4 ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бо маблағи 27 млн. доллари ИМА татбиқ дорад.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои рафти иҷрои лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар 4 ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон», беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, санитария ва таъмини оби нӯшокӣ дар ноҳияҳои дурдасти кишвар мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар идомаи мулоқот Завқизода З. А. аз ҷониби ҳайати Бонки Исломии Рушд даъват ба амал овард, ки бо назардошти таъсири буҳронҳои ҷаҳонии имрӯза маблағгузориро барои дастгирии соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, бахусус ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ бештар намоянд, ки хуш пазируфта шуд.