Ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия-Вазири саноат ва тиҷорат Мантуров Денис Валентинович вохӯрӣ намуд
Рӯзҳои 8-12 сентябри соли 2022 ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин, Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодирзода Саъдӣ, Раиси Палатаи савдо ва саноат Ҷумахонзода Ҷамшед ва роҳбарияти ҶСК “ТАЛКО” ҷиҳати иҷрои супориши Сарварони ҳарду кишвар вобаста ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, омодагӣ ба ҷаласаи Комиссияи навбатии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва пайгирии рафти иҷрои протоколи ҷаласаи қаблии Комиссия ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафари расмӣ анҷом дод.
Дар доираи ин сафар бо мақсади тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорат, саноат ва сармоягузорӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия-Вазири саноат ва тиҷорат Мантуров Денис Валентинович мулоқот баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ аз ҳамкориҳои стратегиии дуҷониба изҳори қаноатмандӣ гардида, қайд карда шуд, ки Федератсияи Россия дар гардиши савдои умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли чанд соли охир дар ҷои аввал меистад.
Дар 7 моҳи соли 2022 гардиши савдои хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия 908,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 268 млн. доллар, ё ин ки 42 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар соли 2021 бошад нишондиҳандаи гардиши савдои дуҷониба ба 1,4 млрд. доллар баробар шуда, нисбат ба соли 2020 – 380 млн. доллар ё ин ки 40 фоиз афзоиш ёфт.
Аз муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия - Вазири саноат ва тиҷорат хоҳиш карда шуд, ки барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки роҳбарони аввали корхонаҳои саноатию сармоягузорони Федератсияи Россия дар Форуми сармоягузории Тоҷикистону Россия, ки баргузории он 14–15 сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, мусоидат намояд.