Навиди Вазорат



Ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия вохӯрӣ намуд

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Рӯзи 9-уми сентябри соли 2022 ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин, Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодирзода Саъдӣ, бо Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Решетников Максим Геннадиевич вохӯрӣ намуд, ки дар он масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, ҷалби сармоя, омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ ва иҷрои бандҳои протоколи он муҳокима гардиданд.

Ҳамзамон ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими тантанавӣ бахшида ба ҷашни 31 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия иштирок кард, ки дар он аз ҷониби Тоҷикистон Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Гулмаҳмадзода Давлатшо Қурбоналӣ ва Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода З. А. ва аз ҷониби Россия Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Решетников М. Г. суханронӣ намуданд.

Дар чорабинии мазкур Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завӣ Амин қайд кард, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Сарварони ҳарду давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Владимирович Путин муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни ҳарду кишвар ба сифати баланди стратегӣ бароварда шуданд.

Инчунин дар рафти сафари ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Москва бо як қатор корхонаҳо ва сармоягузорони Федератсияи Россия мулоқотҳои сатҳи баланд баргузор гардида, аз онҳо ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирок дар Форуми сармоягузории Тоҷикистону Россия, ки 15-уми сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват ба амал оварда шуд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное