Навиди Вазорат



Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо дар тантанаҳои ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ иштирок намуд

.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид барои иштирок дар чорабиниҳои ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо рафти корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Панҷ 9 то 11 сентябри соли 2022 сафари корӣ анҷом дода шуд.

Дар раванди сафари мазкур иншооти навбунёд, аз ҷумла синфхонаҳои иловагӣ дар назди 2 муассисаҳои таълимӣ, ифтитоҳ карда шуданд.

Қайд бояд кард, ки бо ба истифода додани 10 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои хонандагон 250 ҷойи нишаст муҳайё карда шуданд.

Мавриди ба истифода додани синфхонаҳои иловагӣ Солеҳзода А. А. омӯзгорону муҳассилин ва фаъолони ҷамоатҳои ноҳияро аз номи Ҳукумати кишвар ва роҳбарияти вазорат ба муносибати ҷашни 31-солагии истиқлоли давлатӣ, оғози соли таҳсил табрик намуда, ба онҳо комёбиву хушиҳои зиндагиро таманно намуданд.

Дар идомаи сафар якҷо бо роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ятимони кулл ва шахсони маъюб кумаки моддӣ тақдим карда шуд.

Баъдан субҳи 9 сентябр дар варзишгоҳи марказии ноҳия чорабинии тантанавӣ бо барномаи театрикунонидашуда баргузор шуд. Муовини якуми вазир Солеҳзода А.А. дар ин чорабинӣ баромад намуда, сокинони ноҳияро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.

Қайд гардид, ки дар давоми солҳои истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари сулҳу суботи комил боз рушди устувори тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ таъмин гардида истодааст.

Чорабинии ҷашнӣ бо ҳунарнамоии аҳли фарҳанги ноҳия дар сатҳи баланди ташкилӣ ҷамъбаст гардид.

Баъди чорабинӣ ҷараёни шиносиии Солеҳзода А.А. якҷо бо Раиси ноҳия Шоҳиён Зарифхуҷа аз рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ноҳия давом дода шуд.