Навиди Вазорат



Тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистону Кувайт муҳокима гардиданд

.

19 сентябри соли 2022 дар доираи ҷаласаи 3-юми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамраиси комиссия Завқизода Завқӣ Амин бо Роҳбари ҳайати кувайтӣ, Ҳамраиси комиссия аз ҷониби Давлати Кувайт хонум Асел Сулаймон ал- Саъд ал- Мунифи баргузор гардид, ки дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Кувайт дар соли 2016 барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба заминаи нав гузошт.

Дар рафти вохӯрӣ, ки дар фазои кушод, дӯстона ва созанда баргузор гардид, ҷонибҳо вобаста ба густариш додани ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, ҷалби бештари сармояи кувайтӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар ҳудудди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, содироти меваю сабзавоти тару тоза, меваҳои хушк, оби нӯшокӣ ва зиёд намудани содироти маҳсулоти дорандаи тамғаи “Ҳалол” мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамзамон дар вохӯрӣ аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо оид ба густариши ҳамкориҳо барои рушди инфрасохтори нақлиётию энергетикӣ аз ҳисоби маблағҳои кувайтӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур карда шуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида иброз намуданд.