Навиди Вазорат



Иштироки Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ дар 7-ум Намоишгоҳи ЭКСПО «Чин - Авруосиё»

.

19 сентябри соли 2022 Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ дар маросими кушодашавии 7-ум Намоишгоҳи ЭКСПО «Чин - Авруосиё», ки дар шакли видеоконфронс бо иштироки як қатор кишварҳои ҷаҳон, намояндагони дипломатии мамлакатҳои хориҷӣ ва ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ баргузор гардид, ширкат варзид.

Намоишгоҳи мазкур барои дарёфти имкониятҳои ҳавасмандгардонӣ ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, зиёд намудани гардиши савдои хориҷӣ, ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои муштарак ва дигар самтҳо равона шуда буд.

Ҳамзамон қайд бояд намуд, ки дар рафти форуми мазкур як қатор намояндагони кишварҳои Тоҷикистон, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Ӯзбекистон ва ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар анҷоми Саммит намояндагони кишварҳои ширкаткунанда аз дастовардҳои хуби минтақа дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод қайд намуда, омодагии худро барои боз ҳам афзун намудани онҳо изҳор доштанд.