Навиди Вазорат



Форуми сармоягузории Тоҷикистону Россия

.

Санаи 15 сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия нахустин Форуми сармоягузории Тоҷикистону Россия баргузор карда шуд.

Мақсад аз баргузории Форуми мазкур густариши ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ тавассути ташкили муколамаи озод байни соҳибкорону сармоягузорон ва дар ин замина дарёфти роҳҳои нави корӣ дар самти ташкили корхонаҳои муштарак ба ҳисоб меравад.

Дар Форуми мазкур беш аз 400 нафар иштирокчӣ аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳо ва соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Россия дар соҳаҳои рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, саноат, инфрасохтор, кишоварзӣ, энергетика, хизматрасониҳои молиявӣ ва сайёҳӣ иштирок намуданд.

Дар доираи Форум ба иштирокчиён фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, саноат, энергетика, кишоварзӣ, сайёҳӣ, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо муаррифӣ карда шуда, лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зикр карда шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ, ҷалби сармояву воридоти технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодию сармоягузорӣ мусоидат менамояд.

Дар доираи Форуми мазкур байни субъектони бахши давлатию хусусии ду давлат як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд, ки ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсолию хизматрасониро фаро мегиранд.

Пас аз анҷоми қисмати расмии Форум кор дар панелҳои алоҳида дар соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳ сурат гирифта, сипас вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ду давлат дар сиғаи “Соҳибкор бо Соҳибкор” (B2B) баргузор гардид.

Иштирокчиёни Форум ба баргузории чорабинии мазкур баҳои баланд дода, ба ифоқа расиданд, ки минбаъд низ чунин ҳамоишҳои соҳибкоронро мунтазам баргузор менамоянд.