Ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид
Рӯзҳои 19-22 сентябри соли 2022 ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ бо ҳамраисии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва Муовини Вазири молияи Давлати Кувайт хонум Асел Сулаймон ал-Саъд ал-Мунифӣ дар фазои кушод, дӯстона ва созанда баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласа ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои байни ду кишвар дар соҳаҳои иқтисодиёт, тиҷорат, молия, сармоягузорӣ ва бахши хусусӣ, бонкдорӣ ва суғурта, нақлиёт, кишоварзӣ, энергетика, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ, варзиш, васоити ахбори омма ва дигар масъалаҳои дорои манфиати муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни ҷаласа ҷонибҳо қайд намудаанд, ки сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт дар моҳи майи соли 2016 барои тақвияти ҳамкориҳои байни ду кишвар нақши муҳим бозидааст.
Инчунин Завқизода З. А. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Кувайт Шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ муносибатҳои ду кишвар пайваста рушд ёфта, ба сатҳи сифатан нав баромаданд.
Ҷонибҳо мавҷудияти имкониятҳои ҷалби сармоя ва технологияҳои пешрафтаи Кувайт дар амалӣ гардонидани лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла бунёди инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, омӯзиши конҳои нафтии Ҷумҳурии Тоҷикистон, содироти меваю сабзавоти тару тоза, меваҳои хушк ва оби нӯшокӣ, бахусус зиёд намудани содироти маҳсулоти дорандаи тамғаи «Ҳалол» аз Тоҷикистонро муҳим арзёбӣ намуданд.
Ҳамзамон дар ҳошияи ҷаласаи Комиссия санадҳои дуҷониба, ки барои рушди муносибатҳо нақши муҳим доранд, ба имзо расиданд, аз ҷумла:
- «Ёддошти тафоҳум байни мақомоти авиатсионии Тоҷикистону Кувайт», ки он имкони шурӯъ намудани парвозҳои мунтазам дар хатсайри пойтахтҳои ҳарду кишвар фароҳам меорад.
- «Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома оид ба пешгирӣ аз андозбандии дукарата байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт».
Дар анҷоми ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ Протокол ба имзо расонида шуд.