Густариш додани ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ
4 октябри соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Озан Севимли, коршиносони бонки мазкур Чарлз Харпи ва Анелия Мюллер баргузор гардид.
Завқизода З. А. ба ҷаноби Озан Севименлӣ барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд вобаста ба рушди иқтисоди миллӣ ва саҳмгузорӣ дар амалӣ намудани ҳадафу афзалиятҳои кишвар минатдорӣ баён намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамкориҳои дутарафаро ҷиҳати мусоидат барои маблағгузории ҳадафҳои стратегии кишвар ва тадбирҳои дар Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ пешбинишуда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2022, №116 тасдиқ шудааст, инчунин татбиқи стратегияву барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушди Тоҷикистон, аз ҷумла татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 мавриди муҳокима қарор доданд.
Завқизода З. А. аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ дархост намуданд, ки маблағгузорӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллиро бо назардошти пешгирӣ ва кам кардани таъсири буҳронҳои ҷаҳонӣ ва тағйирёбии иқлим зиёд намоянд.
Дар анҷоми вохӯрӣ, ҷонибҳо омодагии худро барои татбиқи масъалаҳои қайдгардида иброз намуданд.