Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарияти вазорат, Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомади тантанавӣ зимни суханронӣ муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода А. А. ҳозиринро ба Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик намуда, дар фаъолияти ҳамарӯзаи пурсамар баҳри пешрафти ҷомеа комёбиҳо таманно кард.
Қайд гардид, ки дар устувор гардонидани забони давлатӣ, рушду такомул ва истифодаи он дар ҳамаи соҳаҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҷаста мебошад.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷонзода Олимҷон Обидҷон низ ҳозиринро ба фарорасии Рӯзи забони давлатӣ таҳнияту табрик намуда, оид ба аҳамияти забони давлатӣ дар давлатдории миллӣ, рушди илму фарҳанг ва робитаҳои байналмилалии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус хизматчии давлатӣ дар самти тозаву пок нигоҳ доштани забони давлатӣ ва расонидани он ба насли оянда вазифадор мебошад.