Навиди Вазорат



Вохӯрии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо бо Муовини вазири шаҳрсозӣ ва нақлиёти Ҷумҳурии Исломии Эрон

.

19 октябри соли 2022 вохӯрии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Муовини вазири шаҳрсозӣ ва нақлиёти Ҷумҳурии Исломии Эрон Шаҳриёр Афандизода баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мавриди баррасии тарафҳо қарор дода шуд.

Абдураҳмонзода А. С. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Иброҳим Раисӣ робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадааст.

Инчунин қайд гардид, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар 8 моҳи соли 2022 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон 143,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 96,4 млн. доллари ИМА ё зиёда аз 3,1 маротиба афзоиш ёфтааст.

Абдураҳмонзода А. С. таъкид намуд, ки новобаста аз сатҳи ҳамкориҳои кунунӣ байни ду давлат имкониятҳои зиёди истифоданашуда мавҷуд мебошад ва бо мақсади бомаротиб афзоиш додани ҳаҷми гардиши савдо байни ду кишвар «Барномаи ҳамкориҳои дарозмуддати иқтисодӣ ва тиҷоратӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон барои солҳои 2022-2030» ба имзо расидааст.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки дар ояндаи наздик барои муаррифии имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории ҷаласаро тавассути видеоконфронс барпо менамоянд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармоягузории ҷониби эронӣ қайд карданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида баён намуданд.