Мулоқот дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон
2 ноябри соли 2022 зимни сафари корӣ ба Ҷопон муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид бо муовини парламентарии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон хонума Ёшикагава Юми мулоқот намуд.
Зимни мулоқот муносибатҳои 30-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷопон мавриди арзёбӣ қарор гирифта, самтҳои дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмии байни ду давлат баррасӣ гардид. Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар густариши робитаҳо бо Ҷопон якҷо бо Роҳбарияти Олии Ҷопон саҳми арзанда доранд.
Ҳамкориҳои минбаъда дар сатҳи байниҳукуматӣ ва ҳамзамон дар сатҳи бизнес сохторҳои ду кишвар ҳамчун омили муҳими густариши робитаҳо қайд гардид.
Илова бар ин оид ба ҳамкориҳо ва дастгирии Ҳукумати Ҷопон ҷиҳати рушди захираи инсонӣ дар Тоҷикистон ва ташкили курси такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар самти банақшагирии стратегӣ, мониторинг ва арзёбии амалишавии барномаву стратегияҳо ақидаронӣ карда шуд.
Ҳамзамон аз ҷониби муовини якуми Вазир Солеҳзода А. А. ҷиҳати барасии масъалаи баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҷопон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ дар охири моҳи марти соли 2023 дар шаҳри Душанбе даъват ба амал оварда шуд, ки қаблан ин масъала тариқи роҳҳои дипломатӣ дар мувофиқаи муштарак қарор дошт.
Ҳамзамон ҷонибҳо ҷиҳати густариши раванди баррасии ҳамкориҳои бардавом ва судманд изҳори ақида намуданд. Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.