Навиди Вазорат



Мулоқоти навбатӣ дар Вазорати иқтисод, савдо ва саноати Ҷопон

.

2 ноябри соли ҷорӣ дар идомаи сафари корӣ муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид бо муовини парламентарии Вазири иқтисод, савдо ва саноати Ҷопон ҷаноби Нагамине Макото мулоқот намуд.

Дар ин вохурӣ низ оид ба 30-солагии муносибатҳои дипломативу иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷопон изҳори қаноатмандӣ ва муҳокимаронӣ карда шуд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки гарчанде ҳаҷми гардиши савдои мутақобилаи Тоҷикистону Ҷопон солҳои охир тамоюли афзоиш дорад, аммо иқтидорҳои истифоданашуда ҳанӯз зиёданд. Илова бар ин вобаста ба воридшавии сармояи мустақими Ҷопон ба Тоҷикистон ва сатҳи ҳамкориҳо дар ин самт изҳори ақида карда шуд.  

Дар баробари ин оид ба дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати иқтисод, савдо ва саноати Ҷопон, бахусус дар самти моделсозӣ, банақшагирӣ ва арзёбии амалишавии ҳуҷҷатҳои стратегӣ, мубодилаи иттилооти макроиқтисодӣ ва дигар самтҳо пешниҳодҳо карда шуданд.  

Оид ба иштироки соҳибкорони Ҷопон дар бизнес-форумҳо ва намоишгоҳҳои гуногун дар Тоҷикистон ва ҳамзамон, иштироки соҳибкорони Тоҷикистон дар чорабиниҳои дар Ҷопон баргузоршаванда, бахусус намоиши EXPO-2025 дар Ҷопон даъват ба амал оварда шуд.    

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.