Вохӯрии Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Директори минтақавӣ оид ба рушди одилона, молия ва институтҳо дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки Ҷаҳонӣ
9 ноябри соли 2022 вохӯрии Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид бо Директори минтақавӣ оид ба рушди одилона, молия ва институтҳо дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки Ҷаҳонӣ Лалита Муртӣ, намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимлӣ ва дигар намояндагони бонк баргузор гардид.
Солеҳзода А. А. ташрифи меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, тақвияти ҳамкории манбаъдаро дар самтҳои иқтисоди сабз, иқтисоди рақамӣ, таҳияи модели муосири дурнамои макроиқтисодӣ, истифодаи таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ вобаста ба таҳлил ва омодасозии гузоришҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва пешниҳоди кумаки техникӣ барои такмили самтҳои қайдгардида зарур арзёбӣ намуд.
Зимни мулоқот вазъи макроиқтисодӣ ва дурнамои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи рӯйдодҳои охири ҷаҳониву минтақавӣ, ислоҳотҳои зарурии тадбирҳои сиёсӣ ва баррасии хароҷоти давлатӣ – масъалаҳои стратегӣ оид ба рӯзномаи миёнамуҳлати ислоҳот баррасӣ шуд.
Ҳамзамон ба намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ оиди натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ маълумоти мухтасар дода шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва нигоҳ доштани устувории макроиқтисодӣ баён доштанд.