Навиди Вазорат



Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири тиҷорати Ҷумҳурии Туркия ду санади муҳим оид ба густариш додани ҳамкориҳои дутарафа ба имзо расониданд

.

10 ноябри соли 2022 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири тиҷорати Туркия Меҳмет Муш, Роҳбари ҳайати расмии Туркия вохӯрӣ баргузор намуд, ки дар доираи он густариши ҳамкориҳои иқтисодии дутарафа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи баланд баромадаанд.

Завқизода З. А. баён кард, ки ҳарчанд тиҷорати дуҷониба дар соли 2021 ба андозаи 21 фоиз ё то 391 млн. доллари амрикоӣ рушд карда бошад ҳам ҳаҷми он бо назардошти захираву имкониятҳои васеи тарафҳо моро қонеъ карда наметавонад, бинобар ин бо мақсади рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории дутарафа таклиф намуд, ки бо истифода аз иқтидорҳои зиёди мавҷудаи дуҷониба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармоягузории Туркия корхонаҳои саноатии муштарак оид ба истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, коркарди алюминий, пашму пуст, меваю сабзавот, хурокворӣ, шустушӯӣ ва масолеҳи сохтмонӣ таъсис дода шаванд, ки аз ҷониби Туркия хуш пазируфта шуд.

Ҳамзамон дар ҳошияи сафари мазкур Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Туркия баргузор гардид, ки дар доираи он ду санади муҳим - «Харитаи роҳ барои афзоиши гардиши мол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия барои солҳои 2023-2025» ва «Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ба имзо расонида шуданд, ки барои то 1 млрд. доллар зиёд намудани гардиши савдои дутарафа ва ҷалби сармояи Туркия мусоидат менамоянд.

Айни замон 134 ширкатҳои муштараки Туркия дар Тоҷикистон кору фаъолият менамоянд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҳайати туркӣ пеш аз ҳама барои пешвози гарму самимона ва фароҳам овардани шароити мусоиди ҳамкорӣ изҳори миннатдорӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва амалӣ гардидани ташаббусҳои қайдгардида баён намуд.