Ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯзи 14 ноябри соли 2022 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавии ҳайати кормандони вазорат ва зерсохторони он ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид ифтитоҳ карда, ҳозиринро аз номи роҳбарияти вазорат ба ифтихори ҷашнҳои муқаддаси таърихӣ табрику муборакбод намуд.
Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ то ба имрӯз баҳри таъмини сулҳу субот, рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар ва муарифии Тоҷикистон ҳамчун давлати ташббускор дар самтҳои гуногуни рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ азму талошҳо намуда, ба дастовардҳои беназир ноил гардидаанд.
Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ сардори Раёсати таъминоти ҳуқуқии Вазорат – Сафарзода Баҳодур Пулод ва сармутахассиси Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорат-Хушвахтов Аҳад оид ба ҷашнҳои қайдгардида баромад намуданд.
Тасмим гирифта шуд, ки ҷиҳати саривақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош варзида, баҳри рушди иҷтимоию иқтисодии кишварамон тамоми неруи созандаи худро равона менамоянд.