Иштироки муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо дар Конфронси умумиҷаҳонии нигоҳубин ва тарбияи барвақтии кӯдакон
14 ноябри соли 2022 дар ҳошияи корӣ Конфронси умумиҷаҳонии нигоҳубин ва тарбияи барвақтии кӯдакон, ки дар шаҳри Тошканд аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (UNESCO) баргузор карда шудааст, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло бо Вазири таълими томактабии Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот доир намуд.
Насриддинзода Р. Ҳ. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи раҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев, муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, таълими томактабӣ ва табодули таҷриба мубодилаи афкор намуданд.
Дар интиҳои вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо, бахусус дар самти таълими томактабӣ баён намуданд.