Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Сармоягузорӣ ва рақобатпазирӣ дар Осиёи Марказӣ, дар маркази таваҷҷуҳ –Тоҷикистон

.

«Сармоягузорӣ ва рақобатпазирӣ дар Осиёи Марказӣ, дар маркази таваҷҷуҳ -Тоҷикистон», таҳти ин унвон дар меҳмонхонаи «Sheraton»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Барномаи «OECD» ва дигар шарикони рушд муаррифии ду роҳнамо оид ба тақвияти рақобатпазирии корхонаҳои хурду миёна ва самаранок истифода намудани интиқоли пулӣ баргузор шуд, ки масъулин ва доираи васеи ташкилотҳои сармоягузориву бонкҳоро ҷамъ овард. 

Дар мизи муддавар масъалаҳои ташаккули содироти маҳсулоти корхонаҳои хурду бузурги кишвар, беҳтар намудани фаъолияти кооперативҳое, ки дар соҳаҳои аграрӣ фаъолият доранд ва паст намудани андозбандӣ дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тибқи таҳлилҳо 27 фоизи гардиши маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба соҳаи аграрӣ тааллуқ дорад.

Аз ин лиҳоз, барои дастгирии ҳамаҷониба ва фароҳам овардани шароити мусоид барои равнақи ин бахш бояд тадбирҳои зарурӣ ҷоннок карда шавад, таъкид гардид дар ин ҷамъомад. Мувофиқи таҳлилҳо яке аз масъалаҳои калидие, ки ба беҳтар гардидани некӯаҳволии мардум мусоидат менамояд ин равнақ додани соҳибкории хурду миёна ба ҳисоб меравад, ки ин раванд ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини аҳолӣ бо ҷои кор дар дохили кишвар мусоидат менамояд.

Ҳозирин, ҳамчунин, масъалаҳои дигарро, ки ба рушди сармоягузорӣ ва рақобатпазир гардидани маҳсулоти дохилӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.