Навиди Вазорат



Вохӯрии Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Сафири навтаъини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Латвия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

21 ноябри соли 2022 Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид бо Сафири навтаъини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Латвия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Рейнис Трокша вохӯрӣ баргузор намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои муосир ва имкониятҳои рушди ҳамкориҳои минбаъда табодули назар намуданд.

Қайд гардид, ки ҳоло ҳам иқтидори мавҷудаи ду кишвар дар самти тиҷорату иқтисодиёт ба таври зарурӣ истифода нашуда, имконияти ба маротиб афзоиш додани гардиши тиҷорати дуҷонибаи молу маҳсулот мавҷуд мебошад.

Ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҷойдоштаи низоми тиҷорат ва иқтисоди ҳар ду кишвар, бахусус ба маротиб зиёд намудани гардиши савдо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия, таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самти тиҷорати электронӣ, иқтисоди рақамӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузориро муҳокима карданд.

Ҳамзамон ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳо як қатор пешниҳодҳо, аз ҷумла таҳия, қабул ва амалӣ намудани харитаи роҳ оид ба афзоиши назаррас додани ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия, ҷоннок намудан ва таҳти назорати қатъии ҷонибҳо қарор додани фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Латвия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ, фаъолсозии машваратҳои сиёсии байниидоравӣ, форумҳои тиҷоратӣ ва соҳибкории Тоҷикистону Латвия, инчунин вусъат додани заминаҳои ҳуқуқӣ манзур гардиданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҳайати латвиягӣ пеш аз ҳама барои истиқболи гарму самимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди ҳамкорӣ изҳори миннатдорӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида баён намуданд.