Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Сафири навтаъини Ҷумҳурии Аргентина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
22 ноябри соли 2022 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Сафири навтаъини Ҷумҳурии Аргентина Леополдо Франсиско Саҳорес дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор намуд.
Завқизода З. А. Леополдо Франсиско Саҳоресро ба муносибати ба вазифаи Сафири Ҷумҳурии Аргентина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданашон табрик карда, ба ӯ муваффақиятҳо орзу намуд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратии дуҷониба байни ду кишвар, аз ҷумла зиёд намудани гардиши савдои хориҷӣ, ҷалби бештари сармояи Аргентина ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ бо истифода аз технологияи пешқадами Аргентина, бахусус дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои «Иқтисоди сабз» мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамзамон пешниҳодҳо барои маблағгузории сохтмони НБО-и хурду миёна дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки давлатии соҳаи энергетика дар қаламрави мамлакат бо истифода аз сармояи аргентинӣ манзур гардид, ки хуш пазируфта шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳор намуданд.