Навиди Вазорат



Вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо

.

22 ноябри соли 2022 Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо таҳти роҳбарии Тиерри Барбе вохӯрӣ баргузор намуд.

Дар рафти вохӯрӣ, ки дар фазои кушод, дӯстона ва созанда баргузор гардид, ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои рақамикунонӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии интернет дар минтақаҳои дурдасти кишвар, тиҷорати электронӣ, иқтисоди сабз, афзоиши ҳаҷми содирот, пеш аз ҳама маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.

Абдураҳмонзода А. С. қайд кард, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар бо мақсади рақамикунонии соҳаҳои иқтисодиёт ҳамчун манбаъи иловагии таъмини рушди иқтисоди миллӣ Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025, Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи имзои рақамӣ», «Дар бораи савдои электронӣ» ва дигар ҳуҷҷатҳои стратегӣ дар соҳаи иқтисоди рақамӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳор намуданд.